Қутоспарварӣ яке аз соҳаҳои камхароҷот ва сердаромади чорвопарварӣ буда, дар минақаҳои баландкӯҳи кишвар, манбаи истеҳсоли гӯшту пӯсти аз ҷиҳати экологӣ тоза маҳсуб меёбад. Дар шароите, ки нархи гӯшти гову дигар навъи чорвои шохдор, дар бозорҳои мамлакат тамоюли болоравӣ доранд, талаботи мардум ба гӯшти парҳезии қутос зиёд мешавад. Дар самти парвариши қутос ноҳияи Айнӣ ҳамчун минтақаи баландкӯҳи ҷумҳурӣ чӣ тадбирҳо андешидааст?
Бар асоси иттилои Сармутахассиси раёсати кишоварзии ноҳияи Айнӣ Юсуфхон Сироҷиддинов ба вебгоҳи хабарии Faraj.tj, феълан дар ноҳия, дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ парвариши қутос ба роҳ монда шудааст.
— Дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ саршумори қутоси ноҳия 486 сарро ташкил медод. Ҳоло бо татбиқи барномаҳои давлатии рушди чорводорӣ саршумори қутос дар ноҳия 1054 сарро ташкил медиҳад, ки ин рақам нисбат ба замони Шӯравӣ 568 сар зиёд аст. Аз 1054 сар қутоси мавҷуда, 803 сараш ба қутосҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ мансуб буда, 251 сари онро қутосҳои аҳолӣ ташкил медиҳанд, — гуфт Юсуфхон Сироҷиддинов. – Асосан, дар ноҳия қутоспарварӣ дар самти хоҷагиҳои хусусӣ инкишоф ёфта, аз 12 адад хоҷагии қутоспарварӣ 11-тояшро хоҷагиҳои хусусӣ ташкил медиҳанд.
Мушкилие, ки як андоза ба рушди қутоспарварӣ дар ноҳияи Айнӣ монеъ мегардад, нарасидани чарогоҳҳо мебошад. Тибқи гуфтаи Юсуфхон Сироҷиддинов, як қисми минтақаҳои чарогоҳиро шахсони алоҳида, чун ҳудуди шахсӣ аз худ карда ҳангоми чаронидани қутос ба қутоспарварон монеа эҷод мекунанд.
— Ин амал ба кори қутоспарварон бетаъсир намемонад, — мегӯяд Юсуфхон Сироҷиддинов.
Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 ” корҳои хушзоткунии қутос ҷараён гирифта, Институти чорводории Академияи илмҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии “Аслиддинов” ва “Россия” пойгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии худро ташкил намудааст, — иброз дошт Юсуфхон Сироҷиддинов.
Қутосҳо ба ҳавои камоксиген мутобиқ буда, дар шароити аз сатҳи баҳр 1800-2000 метр баланд, зиста метавонанд ва ҳазорсолаҳо дар мавзеъҳои баландкӯҳ дар шароити интихоби табиӣ парвариш ёфтаанд.
Қутоспарвар Маликиён Ҷумъа дар мавзеи Искандаркӯл қутос парвариш менамояд. Ӯ дар суҳбат ба вебгоҳи хабарии faraj. tj, баён намуд, ки иқлими сарду хунук ва чарогоҳҳои камалафи баландкӯҳҳои Фондарёву водии Зарафшон, ба шароити шартӣ ва биологии қутосҳо мутобиқ аст.
— Қутосҳо ҳайвони чарогоҳӣ буда, шароити нигоҳубин ва парвариши онҳо экстенсивӣ аст, яъне дар тамоми фасли сол дар чарогоҳҳои баландкӯҳи табиӣ парвариш меёбанд, — таъкид намуд Маликиён Ҷумъа. — Ҳангоми аз меъёр зиёд шудани барф дар баланкӯҳҳо, имкони дастрасии хӯрок ба қутос маҳдуд мешавад.
Дар фасли зимистон, маҷмуан 20-25 рӯз мо қутосҳоро бо алафи захирашуда таъмин менамоем. Дар ин давра, баъзан дар самти захираи алаф ба мушкилиҳои камчинии он ва нарасидани хӯрока барои чорво, рӯ ба рӯ мегардем. Ин ҳол метавонад ба рушди қутоспарварии мо — қутоспарварон монеъ шавад.
Дар шароити гӯшти гов 50-53 сомонӣ будан, Маликиён Ҷумъа бар он бовар аст, ки гӯшти арзону муҳитан тозаи қутос, метавонад дар самти таъминоти гӯшт талаботи мардумро қонеъ кунад.
— Сокинон ба гӯшти қутос эҳтиёҷи зиёд доранд, — мегӯяд Маликиён Ҷумъа. — Он аз гӯшти гов 15-20 сомонӣ арзон буда, асосан дар бозорҳои ҳудуди ноҳия ба фурӯш меравад. Бо зиёд шудани саршумори қутос, мо гӯшти онро ба бозорҳои пойтахт низ интиқол медиҳем.