Сада дар қатори Наврӯзу Меҳргон ҷашни миллии тоҷикон буда, 50 рӯз пеш аз иди Наврӯз таҷлил карда мешавад. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шурӯъ аз 24-уми январ то 30-юми январ ин ҷашни аҷдодӣ қайд мешавад.

Субҳи имрӯз дар саҳни қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ бо иштироки деҳқонону хоҷагидорон, сокинон, намояндагони касбу кори гуногун ва роҳбарони ташкилоту идораҳои ноҳия ҷашни Сада таҷлил гардид.

Сармутахассиси бахши фарҳанги ноҳияи Айнӣ Боймуҳаммад Сангинов ҳангоми суҳбат бо вебгоҳи хабарии Faraj.tj дар мавриди таҷлили Сада иброз намуд, ки “Ҷашнгирии Сада як навъ тайёрӣ ба корҳои ободонии баҳорӣ буда, ба деҳқонон аз омадани баҳор мужда медиҳад”.

— Ба ин хотир, имрӯз дар маросими иди Сада техникаҳои кишоварзии деҳқонон ва маҳсули дастранҷи онҳо аз қабили меваву сабзавот ва асалу гӯшти парҳезии қутос ба намоиш гузошта шудааст, — таъкид намуд Боймуҳаммад Сангинов.

Дар ибтидои маросим муовини аввали раиси ноҳияи Айнӣ Суҳроб Раҳматзода суханронӣ карда, ба сокинон паёми шодбошии роҳбариятро арза намуд.

Дар идомаи чорабинӣ, иштирокдорон аз намоиши дарстархоноии сокинони ҷамоатҳои деҳот, ки бо ташаббуси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳия Айнӣ ташкил шуда буд, дидан карданд.

Мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳияи Айнӣ Шодиев Умедбой гуфт, ки дар намоишгоҳи мазкур шаш ҷамоати деҳоти ноҳия иштирок намуда, номгӯи хӯрокҳои милливу маҳаллиро ба маърази тамошо гузоштанд.

— Дар ҷашнгоҳ аъзои ҳакамон  маҳорати дастархондоронро дида, тибқи низомномаи озмун онҳоро баҳогузорӣ каранд, – баён кард Шодиев Умедбой. – Беҳтарин дастархондорони ҳудуди ноҳия бо ифтихорнома ва мукофотҳои пуливу молии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар маросими таҷлили Сада намоиши ҷойҳои холии корӣ низ пешниҳоди эҳтиёҷмандон гардонида шуд.

Намоиши фарҳангиву фароғатии бахши фарҳанги ноҳияи Айнӣ чорабинии ҷашни Садаро хотима бахшид.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here