Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти як марди 35-сола, ки дар куштани ҳамсараш гумонбар дониста мешавад, хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, гумонбар сокини ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ буда, аз ҳисиёти рашк даст ба ҷинояти мазкур задааст. Ҳодиса тахминан соати 22:30-и 4-уми августи соли равон дар манзили истиқоматӣ рух додааст, ки гуфта мешавад, мард ҳамсари 26-солаашро дар пайи ҷангу ҷанҷоли оилавӣ, бо роҳи бӯғӣ кардан, ба ҳалокат расонидааст.

ВКД мегӯяд, мард пас аз бӯғӣ кардани ҳамсараш бо мақсади рӯйпуш кардани кирдорҳои ҷинояткоронааш, бо ресмон гардани марҳумро баста, ба сутуни хонаи истиқоматӣ овезон кардааст. Баъдан гумонбаршуда ресмонро бурида, ба наздиконаш нишон додааст, ки гӯё ҳамсараш худашро тариқи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст.

Маълум нест, ки кадом ҳаракатҳои ҳамсар боиси ба ин андоза барангехтани рашки мард гардидаву даст ба ҷинояти мудҳиш задааст, аммо ахбори солҳои ахир нишон доданд, ки бештари авқот омили асосии ба чунин ҷиноят даст задани мардон ба хиёнат гумонбар донистани ҳамсарон будааст, ки дар пайи рашку ҷаҳл даст ба ҷиноятҳои вазнин задаанд.

Оташсӯзии шаби 2-юм ба 3-юми январи соли 2019 дар бозори марказии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ки дар натиҷа наздики 10 дӯкони соҳибкорони бозор ба хокисташ мубаддал гардид, низ бар асари ҳисиёти рашк сар зада буд.

Вазорати корҳои дохилии кишвар рӯзи 9-уми январ аз оташсӯзии бозории марказии ноҳияи Панҷ, дар барномаи телевизионии «Сипар» гузориш пахш кард. Дар гузориши ВКД сокини маҳаллӣ Азимҷон Раҷабови 40-сола бо нишондоди худиқрорӣ мегӯяд, ки бозорро бар асари як муноқишаи оилавӣ бо завҷааш оташ задааст ва аз ин амалаш «сахт пушаймон» аст.

Қаблан як манбаи “Фараж” аз бозори мазкур гуфта буд, Азим ном сокини ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ, ки дар Русия қарор доштааст, занашро дар хиёнат гумонбар дониста, пас аз баргаштан, баъди як муноқишаи оилавӣ аз ғояти рашк бозорро оташ задааст. Ҳамсари ин мард дар бозори мазкур дӯкони фурӯши либосҳои бачагона дошта, чанд сол боз ба тиҷорат машғул будааст. Тавре иттилоъ дода шуд, дар натиҷаи сӯхтор дар маҷмуъ 10 мағозаи пластикӣ, ки соҳибкорон ба фурӯши либосу хӯрокворӣ сарукор доштаанд, ба коми оташ рафтааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here