Боронҳои пуршиддат ва барфи ногаҳонии ибтидои моҳи апрел дар деҳааҳои кӯҳдомани ноҳияи Айнӣ кишту корӣ баҳориро ба таъхир андохт. Ҳоло, бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ, деҳқонони ин минтақа кишту кори баҳориро шуруъ карда, парвариши зироат ва сабзавот, махсусан, картошкаро ба роҳ мондаанд.

Тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳияи Айнӣ, имсол дар заминҳои ҳудуди ноҳия дар 1 ҳазор гектар  кишти картошка ба роҳ монда шудааст, ки ин  сад дарсади нақша мебошад.

— Барои зиёд кардани майдони кишти картошка сокинон заминҳое, ки дар он қаблан алафи юнучқа барои чорво  парвариш мешуд, ҷуфт карда, дар он картошка кишт мекунанд, — гуфтанд аз раёсати кишоварзии ноҳияи Айнӣ. — Раиси ноҳия Муродзода Муқим низ барои огоҳӣ аз раванди кори деҳқонон ба деҳаҳои дурдасти ноҳия рафта, бо онҳо вохӯрӣ мегузаронад.

Зиёдшавии майдони кишти картошка дар ҳоле аст, ки талаботи аҳолӣ дар ин шабу рӯз ба навъи маҳсулот бештар шудааст. Нимаи дуюми моҳи апрел нархи картошка бо сабаби хотимаи захира ва қатъи интиқоли он аз кишварҳои ҳамсоя яку якбора то 8-10 сомонӣ боло рафт.

Айни замон, дар ноҳияи Айнӣ арзиши картошка барои истеъмол 6-7 сомонӣ ва картошкаи тухмӣ барои кишт 3,5-4 сомонӣ мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here