Ширкати “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” тасмим гирифтааст, ки дар ҳудуди деҳаи Кумарғ, дар соҳили дарёи Фони ноҳияи Айнӣ, корхонаи истеҳсолии истихроҷи тиллоро бунёд кунад.

Ба иттилои хадамоти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, қарододи бунёди корхонаи мазкур санаи 15-уми январи соли ҷорӣ, зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари ширкати “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” Юан Син Мин ба имзо расидааст.

— Ширкат дар соли 2019 корҳои нақшакашӣ, санҷишҳои геологӣ ва бунёди инфросохтори заруриро бо маблағи 30 миллион доллари амрикоӣ ба роҳ монда, соли ҷорӣ ният дорад, ки бо анҷоми корҳои сохтмонӣ, истихроҷи тиллоро ба роҳ монад, — омадааст дар иттилоияи хатамоти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

Роҳбари дафтари матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Маъмур Муродзода, дар сӯҳбат бо вебгоҳи хабарии Faraj.tj иброз намуд, ки корхонаи мазкур имкони дар як сол истихроҷ кардани як тонна тиллоро дошта, дар марҳилаи аввал 200 нафарро бо кор фаро мегирад.

— Дар ду соли минбаъда миқдори кормандон ба 600 нафар расонида мешаванд. Аз 600 нафар кормандони техникиву сохтмонии ба ширкат ҷалбшаванда, 426 нафарро мутахассисони маҳаллии ноҳияи Айнӣ ташкил хоҳанд дод, — таъкид намуд Маъмур Муродзода. – Бунёди корхонаи мазкур, метавонад, дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар,  саноатикунонӣ саҳм гузорад.

Дар назар аст, ки ширкати “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар баробари ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолӣ, ҳамзамон дар вусъати корҳои ободонии ноҳияи Айнӣ, аз қабили таъмиру азнавсозии роҳҳо ва бунёди иншооти иҷтимоӣ, саҳм гузорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here