8-уми июли соли равон Ташкилоти ғайридавлатии фаронсавии “Актед” ба муассисаҳои тандурустии ноҳияи Айнӣ маҳлулҳои тиббӣ тақдим кард. Ба иттилои масъулини беморхонаи марказии ноҳия кӯмаки мазур бо дастгирии Институти ҷамъити кушодаи “Бунёди мадад дар Тоҷикистон” ба беморхонаҳо интиқол ёфтааст.
— Кӯмак аз маводи ниёзи аввали табибон – дастпӯшакҳои резинӣ, айнакҳои муҳофизатӣ, маҳлули антисептикӣ ва либоси муҳофизатии тиббӣ иборат буданд, — гуфтанд аз беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ ба Faraj.tj.
Қаблан, низ аз тарафи президенти кишвар, соҳибкорони дараи Искандаркӯл, сафири тоҷикистон дар Қатар ва раиси ноҳияи Айнӣ ба табибону беморхонаҳои ҳудуди ноҳия кӯмакҳои пулӣ расонида шуда буд.