Имрӯз, 12-уми май, аз тарафи сафири Тоҷикистон дар давлати Қатар Хисрав Ғоибов, ба фонди барои пешгирии коронавирус дар ноҳияи Айнӣ 25 ҳазор сомонӣ кӯмак расонида шуд. Тавре аз дафтари матбуотии раиси ноҳияи Айнӣ ба вебгоҳи хабарии Faraj.tj иттилоъ доданд, кӯмаки мазкур барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва таъмини лавозимоти муассисаҳои тандурустии ҳудуди ноҳия равона хоҳад шуд.
— Барои кӯмаки муассисаҳои тандурустии ноҳия ба табибон низ маводи озуқавории яквақтаина расонида шуд, — гуфтанд аз дафтари матбуотии ноҳияи мазкур.
Қаблан, дар оғози хуруҷи вирус дар кишвар Ҳукумати ноҳияи Айни барои бартарафсозӣ ва таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо лавозимоти тиббӣ, аз буҷети ноҳия 80 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда буд.