Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Айнӣ, ҳафтаи гузашта, миёни аҳолӣ иқдоми “Хона ба хона”-ро ташкил кард.

Зимни баргузории иқдом, ки дар миёни аҳолӣ ҷараён гирифт, масъулин ба сокинон роҳҳои пешгирӣ аз вируси Covid-19, самаранок истифода бурдани қитъаи замин, кишту парвариши зироатҳои ғалладонагӣ, риояи танзим ҳангоми баргузории маъракаҳо, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи артишро фаҳмонданд.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Айнӣ Сайёра Халифаева сабаби ташкили иқдоми мазкурро ба огоҳӣ пайдо кардан аз вазъи иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ, номнавис кардани оилаҳои осебпазир ва ба муайян кардани ҳолати рӯҳиву равонии онҳо марбут донист.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here