Дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ рӯзи 7-уми июн хатти нави оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре аз дафтари матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ ба хабар доданд, пойгоҳи обкашии мазкур аз ҷониби сокини деҳаи Искодар Саҳобиддин Сатторов аз дарёи Зарафшон тавассути муҳаррики хурд ба масофаи 600 метр бароварда шуда, имкони бо об таъмин намудани 6 га заминро дорад.

Дар ҳамин замина Саҳобиддин Сатторов тасмим гирифтааст, ки дар ҳудуди деҳаи Искодар дар масоҳати ду гектар боғи мевадиҳанда бунёд кунад.

Қисми зиёди ҳуҳуди ноҳияи Айниро кӯҳдоман ташкил менамояд, ки ба гуфти сокинон барои бунёди боғи интенсивӣ муоид мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here