Соли 2019-ум 2670 нафар сайёҳи ватаниву хориҷӣ аз мавзеъҳои сайёҳиву таърихии ноҳияи Айнӣ дидан карданд. Аз ин шумор сайёҳон, 480 нафар аз хориҷа ва 2190 нафари боқӣ сайёҳони дохилӣ буданд.

Мудири осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Айнӣ Рухшона Низомова, дар мавриди боздиди сайёҳон аз мавзеъҳои таърихии ноҳия, дар сӯҳбат бо вебгоҳи хабарии Faraj.tj иброз дошт, ки сайёҳон дар соли қабл асосан  аз мавзеъҳои истироҳатии Искандаркӯлу Кӯли Аловуддин, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия ва Манораи Варз боздид намудаанд.

Ба гуфти Рухшона Низомова Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия аз соли 2016 дар тобеияти бахши фарҳанг таъсис ёфта, дар муддати 5 сол тавонистааст, бозёфтҳои қадимтарини таърихии ноҳияро ҷамъоварӣ кардаву ҳифз намояд.

— Ҳоло дар осорхона 748 адад бозёфти таърихии марбут ба давраи қадим, асри миёна ва давраи нав, барои тамошои сокинон пешниҳод шудааст. Ин бозёфҳо ҳангоми таъсиси осорхона, аз сокинони маҳал ҷамъоварӣ гардидаанд. Се манораи ҳудуди ноҳия – манораи Варз, Фатмев ва Рарз (марбут ба асри 11),  мазори Шамси Табрезӣ (деҳаи Вешаб), мақбараи Мулло Абдуллоҳи Валӣ (деҳаи Ревад) низ дар тавозуни осорхонаи мо мебошанд. — таъкид намуд ӯ. — Дар осорхонаи ноҳия гӯшаи “Дастони моҳир” ташкил гардиааст, ки дар он куртаву ҷӯроб ва ҷомаҳои беқасаби маҳаллӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here