Дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок мусофир ва ронанда барои роҳи ҳамдигарро буридан ҷанҷол кардаанд, ки боиси марги ронанда шудааст.

Ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия Нуров Фирдавс, соли таваллудаш 1979, сокини ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

28-уми августи соли 2017, тахминан соати 09:30, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, таҳти идораи шаҳрванд Раҳмонов Субҳонқул Ҳусейнович, соли таваллудаш 1989, сокини деҳаи Тагоби Хушекат, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок ба самти муқобили роҳ мебарояд, ки дар он самт автомашинаи тамғаи “Шанхи”, таҳти идораи Раззоқов Абдувоҳид соли таваллудаш 1988, сокини ҷамоати деҳоти Айнӣ, ҳаракат мекард.

Дар натиҷа байни Нуров Ф. ва ронандаи автомашинаи “Шанхи” Раззоқов А. баҳсу мунозира ба амал омада, Нуров Ф. қасдан бо даст ба рӯи Раззоқов А. задаааст. Раззоқов аз ин зарба ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар натиҷа 29-уми августи соли равон аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here