Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир гуфт, ки дар солҳои наздик дараҷаи истеҳсолот ва сатҳи зиндагӣ дар мамлакат чӣ гуна тағйир хоҳад ёфт.

Тоҷикистон дар панҷ соли оянда нақша дорад, ки сатҳи истеҳсолоти саноатӣ ва некӯаҳволии аҳолиро баланд бардорад. Дар ин бора вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир зимни ҷаласаи Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ хабар дод. Ӯ “Барномаи саноатикунонии сареъи Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”-ро муаррифӣ кард. Тибқи нақша, дар мамлакат сатҳи истеҳсолот дар тӯли чанд сол 2,5 баробар меафзояд”.

Инчунин, ӯ илова кард, ки барнома дар сиёсати саноатии кишвар нақши калидиро мебозад. Барномаи мазкур ба гузариши сареъи иқтисоди Тоҷикистон ба рушди инноватсионӣ ва инчунин баланд бардошатни сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ ва коҳиш додани бекорӣ дар ҷумҳурӣ нигаронида ва барнома аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ карда шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, индустриякунониро дар кишвар суръат бахшад. Мақомот нақша доранд, ки ҷумҳуриро ба модели рушди саноатӣ-аграрӣ гузаронанд, камбизоатонро кам кунанд ва дар баробари ин, синфи миёнаро афзоиш диҳанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here