Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон се кӯдаки узви як оила, ки аз ду то даҳ сол доштанд, аз таъсири занбурӯғи заҳрогин ба ҳалокат расиданд.
Масъулони беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун дар суҳбат ба хабарнигори “Фараж” иттилоъ доданд, ки рӯзи 14-уми апрели соли равон чаҳор ноболиғро дар ҳолати вазнин ба беморхона оварданд. “Табибон барои наҷоти онҳо тамоми чораҳоро андешиданд, аммо, мутаассифона, се кӯдакро наҷот дода натавонистанд”, – гуфт манбаъ ва афзуд, ки ҳодисаи даргузашташон ба рӯзҳои 17, 18 ва 19-уми апрел рост омад.
Хушбахтона, Басонати 6-соларо наҷот дода тавонистанд, ки рӯзи 20-уми апрел ба хона рухсатӣ шуд.
Ба қавли духтурон, кӯдакон занбурӯғҳоро аз саҳро чида, ба хонашон овардаанд.