Шаби гузашта, 1 декабри соли 2020-ум, дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон   садамаи маргбори нақлиётӣ рух додааст. Бар асари он чор нафар ба ҳалокат расидаанд, ки се нафар узви як оила мебошанд.

Як манбаъ аз ноҳияи Ҷайҳун ба мо хабар дод, ки шаби гузашта дар ҳудуди ноҳия ду автомошинаи тамғаи «Опел Зефира» ва «Нексӣ» ба ҳам бархӯрдаанд, ки бар асари он чор нафар фавтидаанд.

Гуфта шуд, ки дар ин садамаи нақлиёти се узви як оила — падар бо ду фарзанди ноболиғ (яке писар дигаре духтар) ва як нафари дигар ба ҳалокат расидаанд.

Чор нафари дигар ҳоло дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ мебошанд.

Аз беморхонаи марказии ноҳияи мазкур хабар доданд, ки дирӯз соати 19:30 ба беморхона 8 нафар баъди садамаи нақлиёти  оварда шудад, ки се нафарашон фавтида буданду як нафари дигар баъди як соат ҷон додааст.

Сокинони фавтида ва маҷруҳшуда ҳама аз ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун мебошанд. Фавтидаҳо Ш.А соли таваллудаш 1988, Ш.Ш соли таваллудаш 2018, Ш.У соли таваллудаш 2020 ва С.Б соли таваллудаш 2001 мебошанд. Маҷруҳшудагони садама Ш.Г соли таваллудаш 1990, Қ.А соли таваллудаш 1987, Ш.М соли таваллудаш 2010 ва М.Ш соли таваллудаш 1999 мебошанд.

Гуфта шуд, ки ҳоло чор нафари дигар дар беморхона бистарӣ мебошанд, ки ҳолати як нафари онҳо шадидан вазнин ва як нафари дигар вазнин мебошад.

— Нафаре, ки ҳолаташ шадидан вазнин аст, модари ду тифл ва ҳамсари марди дар ин садама вафоткарда мебошад, — гуфтанд аз беморхона.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here