Роҳбарияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои кишвар мегӯянд, ки феълан масъалаи фиристодани зоирини тоҷик ба Ҳаҷҷи фарзӣ дар соли 2021 матраҳ нашудааст. Ин ниҳод маросими Ҳаҷро ба ҳолати эпидемиологӣ дар ҷаҳон рабт дод.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода имрӯз, 10-уми феврал, дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, маълумоти охире, ки аз тарафи кишвари мизбон, яъне Арабистони Саудӣ дар даст доранд, онҳо ҳанӯз ба хулосаи ниҳоӣ барои қабули ҳаҷкунандагон нарасидаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Арабистон то ҳол сафари зоиронро на қатъ кардааст ва на иҷозат додааст.

— Онҳо интизори натиҷаи ваксинкунонӣ ва вазъи эпидемиологии ҳарду ҷониб ҳастанд. То ҳол аз баргузор шудани мавсими Ҳаҷҷи 2021 хулосаи қатъӣ нест. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар руйхати кишварҳои сабзи ҷаҳон барои сафарҳои ҳаҷҷи умра қарор дорад, вале, мутаассифона, бо сабаби пайдо шудани навъи нави коронавирус вуруди зоиринро ба Арабистони саудӣ, ҳатто аз кишварҳои ҳамсоя барои ду ҳафта боздоштанд, — гуфт Давлатзода.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here