Бино ба иттилои дафтари матбуоти Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба панҷ ҳизби сиёсӣ иҷозат дода шуд, ки  дар интихоботи парлумонӣ ширкат кунанд.

Гуфта мешавад, Комиссияи марказии интихоботӣ қарори “Дар бораи ба ҳизбҳои сиёсӣ додани  ҳақи ширкат дар интихоботи депутатҳои Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон”-ро қабул кардааст.

22-юми декабри соли равон дар Ӯзбекистон интихоботи парлумонӣ ва интихоботи намояндагони шӯроҳои маҳаллӣ баргузор мегардад. Комиссияи марказии интихоботии ин кишвар сметаи тайёрӣ ва баргузор намудани маъракаи интихоботи пешорӯиро тасдиқ намуд. Акнун ҳар як номзад барои тарғиботи пешазинтихоботӣ бо маблағи муайян таъмин карда мешавад. Чунин тарзи кор дар интихоботҳои қаблӣ дида нашудааст.

Тибқи эъломи Комиссияи марказии интихоботӣ барои пешбарии маъракаи тарғиботии номзад ба депутатии Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон 10 миллиону 832 ҳазор сӯм(муодули 1150 доллари ИМА), барои депутатҳои шӯроҳои вилоят ва шаҳри Тошканд 2 миллион сӯмӣ ё муодули бештар аз 200 доллар ва барои депутати шӯроҳои шаҳриву ноҳиявӣ 1 миллион сӯмӣ ё муодули бештар аз 100 доллар пардохт мешавад.

Мирасрор Аҳроров,

мухбири “Фараж”, Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here