Корхонаи дӯзандагии «Ахтари Вахш»-и ноҳияи Вахш ба истеҳсоли ниқоби тиббӣ шурӯъ намуда, дар як рӯз 2000 дона ниқоби тиббӣ истеҳсол мекунад.
Директори корхонаи мазкур Муҳаммад Ҳасидов гуфт, ки корхонаи мазкур наздики як ҳафта мешавад, ба дӯхтани ниқобҳои тиббӣ шурӯъ карда, дар як шабонарӯз 2000 донна ниқоб истеҳсол мекунад.
Ба гуфти ин шахси масъул, то ба имрӯз корхона беш аз 10 ҳазор ниқоб истеҳсол карда, муассисаҳои тандурустӣ, корхонаву ташкилот ва аҳолии ноҳияро бо ниқобҳои тиббии хушсифат, ки онро чанд маротиба истифода бурдан мешавад, таъмин кардааст.
— Ҳоло дар корхонаи «Ахтари Вахш»-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон 15 нафар аз ҷумлаи занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуда, ҳар нафар дар як рӯз 150 дона ниқоб медӯзад, — илова кард роҳбари корхона.