Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, дар соли 2018-ум 2047 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои бо андоз алоқамандро ошкор кардааст.

Директори Агентӣ Сулаймон Султонзода, ки имрӯз, 12-уми феврал, бо доираи васеи хабарнигорони расонаҳои дохилию хориҷӣ суҳбат мекард гуфт, 598 адади ҷиноятҳо ба гуруҳи ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла қаллобӣ – 553, саркашӣ аз пардохти андозҳо — 20 ва ҷиноятҳои гирифтану додани пора, ришвадиҳии тиҷоратӣ, гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ — 119 адад шомиланд, ки маблағи ошкоршуда 442,0 миллион сомониро ташкил додааст. «Дар натиҷаи чораҳои андешида 225,4 миллион сомонӣ, аз ҷумла 84 миллион ба давлат, ба корхонаву ташкилотҳо 166,2 ва ба шаҳрвандон 5,2 миллион сомонии он барқарор карда шудааст».

— Дар соли сипаришуда ҷиноятҳои коррупсионӣ дар як қатор вазорату идораҳо назар ба соли 2017 афзоиш ёфтааст. Масалан, дар соҳаи маориф ва илм 96 адад, ки соли 2017-ум 70 ададро ташкил медод. Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 108 (соли 2017-60), вазорати корҳои дохилӣ 62 (57), нақлиёт 38, кишоварзӣ 21, энергетика ва захираҳои об 1, меҳнат, муҳоҷират ва шуғлӣ аҳолӣ 39, вазорати корҳои дохилӣ 62, адлия 19, ҳокимият судӣ 14, саноат ва технологияҳои нав 7, молия 7, сохторҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 88, Кумитаи ҳифзи муҳити зист 4, Кумитаи радио ва телевизион 3, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон 18, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ 5, Кумитаи ҷавонон ва варзиш 2, Агентии стандартизатсия, сертификатсия, метрология ва нозироти савдо 6, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ 255, соҳибкорони инфиродӣ 435, соҳаи бонкӣ 305 ва дигар идораву корхонаҳо 225 адад ба қайд гирифта шуданд, — гуфт Султонзода.

Ҳамчунин, гуфта шуд, аз ҷониби кормандони мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 232 ҷиноят содир гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here