Аз ҷониби воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1218 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти корррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд ошкор шудааст, ки 482 ададашон ба гуруҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд.
Директори Агентии мазкур Сулаймон Султонзода имрӯз, 28-уми июл, дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршуда 147 адад ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, 147 ҷинояти марбут ба тасарруфи пулу моли ба тариқи кредитӣ додашуда ва додану гирифтани кредити ғайриқонунӣ, 372 қаллобӣ, 8 ҷинояти қочоқ, 8 ҷинояти саркашӣ аз супоридану пардохти андозҳо, 42 ҷиноят вобаста ба гирифтану додани пора, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ, 64 ҷинояти суистифода ва баромадан аз ваколатҳои мансабӣ, 129 ҷиноят марбут ба сохтакории хизматӣ, 68 ҷинояти додани ғайриқонунии қитъаи замин ва 233 ҷинояти гуногуни дигар мебошанд.
Султонзода ба суол дар мавриди он, ки сатҳи коррупсия назар ба соли гузашта дар кишвар дар кадом сатҳ қарор дорад, гуфт, содиршавии ҷиноят дар шаш моҳи соли равон кам шудааст.
— Ин ба он маъно нест, ки кормандони Агентӣ хуб фаъолият накардаанд, балки дар ҳақиқат содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ кам гардидааст, — гуфт директори Агентӣ.