Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар аз боздошти декани факултети иқтисод ва бизнеси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, Шералиев Эмомалӣ Нуралиевич замони декани факултети иқтисод ва бизнеси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буданаш, моҳи сентябри соли 2019 бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз боварии шаҳрванд “А” барои ба курси дуюми Донишгоҳи мазкур дохил карданаш ба сифати пора маблағи калон талаб кардааст.

Агентӣ дар сомонааш навиштааст, маблағи гирифтаи декан Э. Шералиев 19000 сомонӣ ва 600 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. «Номбурда онро ба манфиати шахсии худ истифода карда, дар натиҷаи ин кирдори қасдона Шералиев Э.Н. ба шаҳрванд “А” зарари махсусан калони модӣ расонидааст».

Гуфта мешавад, тафтишоти пешакии ҳолати мазкур идома дорад ва нисбат ба Э. Шералиев бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон првандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ин дар ҳолест, ки аз Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ин ҳолат изҳори бехабарӣ карданд. Ёрдамчии проректор оид ба таълими Донишгоҳи мазкур дар як суҳбати кутоҳи телефонӣ ба «Фараж» гуфт, “аз ин чиз хабар надоранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here