Роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании кишвар гаронии арзиши чиптаҳои ҳавопайморо ба баланд будани нархи сӯзишвории воридотӣ дар Тоҷикистон рабт дод ва гуфт, дар ин самти боз ҳам боло нарафтани он назорати ҷиддиро ба роҳ мондааст.

Роҳбари Агентии мазкур Икром Субҳонзода дар нишасти хабарӣ имрӯз, 26-уми июл гуфт, Агентӣ якчанд маротиба бо роҳбарияти ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ оид ба танзими нарх ва нисбатан гарон накардани чиптаҳо вохӯриҳо гузаронида, дастур додааст, ки ба таври сунъӣ нархи чиптаро баланд набардоранд.

Ба гуфтаи Субҳонзода, феълан арзиши чиптаи ҳавопаймо назар ба ҳамин давраи соли гузашта аз 10 то 12 дарсад паст шудааст.

Добавить комментарий