Масъулини Агентии хоҷагии ҷангали кишвар мегӯянд, ки дар шаш моҳи соли равон 47 адад ҳолати шикори ғайриқонунии шаҳрвандонро ошкор ва аз ҳисоби ҷарима ба буҷаи давлат 12,4 ҳазор сомонӣ ворид кардаанд.

Директори Агентии мазкур Азизулло Исматзода имрӯз, 23-юми июл дар нишасти матбуотии ниҳодаш дар ин бора иттилоъ дода, гуфт, ки ҳамчунин дар ин давра барои риоя накардани талаботи қонунгузории соҳаи ҷангал ва шикор нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон ба миқдори 644 адад санад тартиб дода, ба маблағи 267,5 ҳазор сомонӣ зарар муайян карда шудааст.

— Аз миқдори умумии қонунвайронкуниҳои ошкоргардида 312 адад ба маблағи 164,6 ҳазор сомонӣ ба буриши ғайриқонунӣ, 161 адад ба маблағи 60,7 ҳазор сомонӣ ба чорвочаронии худсарона, 124 адад ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ба ҷамъоварии худсаронаи гиёҳҳои хӯрданбобу шифобахш рост меояд,- гуфт Исматзода.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here