Тибқи иттилои директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон Давлатов Ҷумъа, ки 12-уми феврал дар нишасти матбуотии ниҳодаш иброз намуд, соли 2019 дар 15 шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷойҳои кори холӣ ниёз ба қабули мутахассис доштаанд.
Ба қавли ӯ соли сипаригардида дар Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон 15 воҳиди корӣ, Мақомоти иқроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт 45 воҳиди корӣ, ноҳияи Шаҳритус 31 воҳиди корӣ, ноҳияи Кушониён 29 воҳиди корӣ, шаҳри Панҷакент 24 воҳиди корӣ, ноҳияи Мастчоҳ 22 воҳиди корӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳо ҷойҳои кор холӣ мондаанд.
— Соли сипаригардида аз тарафи агентии мо озмунҳои зиёди корӣ, ҷиҳати бо кор фаро гирифта шудани аҳолӣ доир гардид, — гуфт Давлатов Ҷумъа. – Дар ҷараёни озмунҳо ба 94 зан ва 113 ҷавоне, ки хизмати ҳарбиро иҷро кардаанд, 3 холи имтиёз дода шуд.
Ҳамчунин, Ҷумъа Давлатов таъкид кард, ки дар соли 2019 аз ҷониби шаҳрвандон чанд муроҷиат дар бобати ҳалли масъалаҳо ирсол гардидааст.
— Дар ҳамин давра дар масъалаи амали шахсони мансабдор 14 муроҷиат, шаҳрвандони доғи судидошта 25 муроҷиат, масъалаи ёрии иҷтимоӣ 169 муроҷиат, таъмин намудан бо ҷойи кор 7 муроҷиат, хизматрасонии иҷтимоӣ 4 муроҷиат, норозигӣ аз ҷараёни озмунҳо 2 муроҷиат пешниҳоди агентӣ шудаанд, -таъкид кард Ҷумъа Давлатов.