Як нафар дар шаҳри Хуҷанд худро  муовини сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда, хостааст, ки аз ташхиси тиббӣ ройгон истифода кунад, аммо кораш омад накардаву дастгир шудааст. Бар замми ин, барои озод шуданаш ба кормандони Агентӣ пора пешниҳод кардааст.

19 октябри соли 2017 намояндаи ҶДММ “Диамед” дар вилояти Суғд шаҳрванд “А” ба Агентӣ хабар додааст, ки ба ташхисгоҳи ҷамъият, воқеъ дар ҳудуди беморхонаи клиникии ба номи С. Қутфиддинови шаҳри Хуҷанд шаҳрванд Шарипов Раҳим Муҳаммадович барои гузаштани ташхиси тиббӣ муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки ӯ муовини сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мебошад. Номбурда талаб кардааст, ки ба ӯ гузаштани ташхиси тиббиро ройгон амалӣ намоянд ва дар сурати инкори талабаш, ӯ метавонад вобаста аз мавқеи мансабиаш ба фаъолияти кории муътадили онҳо таъсири манфӣ расонад.

Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Шарипов Раҳим Муҳаммадович дар бинои ташхисгоҳи мазкур боздошт шуда, ба Раёсати Агентӣ оварда шудааст.

Ҳангоми гузаронидани таҳқиқ Шарипов Раҳим Муҳаммадович ба корманди Агентӣ, ки шахси мансабдор мебошад, барои ҳал намудани натиҷаи санҷиш ба фоидаи ӯ ва раҳо ёфтан аз ҷавобгарӣ, ба сифати пора 1358 сомонии бо худ доштаро пешниҳод намудааст.

Вобаста ба ҳолатҳои дар боло зикршуда нисбати Шарипов Раҳим Муҳаммадович бо моддаҳои 320 қисми 1 ва 247 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here