Аз ҷониби кормандони милитсия панҷ нафар шаҳрвандони кишвар дар як рӯз бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии шираи камол дастгир шудаанд, ки дар маҷмӯъ аз онҳо ба миқдори 137 кг аз ин мавод мусодира шудааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар дод.

8-уми октябри соли 2017, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Қӯргонтеппа марди 38-солаи сокини ноҳияи Темурмалик бо гумони муомилоти ғайриқонунии шираи камол дастгир карда шуд. Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии гумонбаршуда, 2 адад зарфи 20-литра ва 1 адад зарфи 5-литра, ки дар дохилашон мувофиқи маълумотномаи Раёсати хадамоти фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, 53 килограмм шираи камол буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Дар ин рӯз зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, марди 33-солаи сокини ноҳияи Темурмаликро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии шираи камол дастгир карданд. Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии гумонбаршуда, 2 адад зарфи 3-литра ва 5-литра, ёфт шудаанд, ки дар дохилашон мувофиқи маълумотномаи Раёсати хадамоти фаъолияти фармасевтии вилояти Хатлон, 12 кг шираи камол доштаанд.

Ҳамчунин, 8-уми октябр, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ноҳияи Темурмалик, бо гумони муомилоти ғайриқонунии шираи камол дастгир карда шудааст. Зимни азназаргузаронии манзили истиқоматии гумонбаршуда, 2 адад зарфи 5-литра ва 6-литра, ки 28 кг шираи камол доштанд, дарёфт ва мусодира карда шудаанд.

Бо дар ҳамин рӯз марди 30-солаи сокини ноҳияи Темурмалик бо гумони муомилоти ғайриқонунии шираи камол дастгир карда шуд. Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии гумонбаршуда 1 адад зарфи 5-литра ва 1 адад селофани полиэтиленӣ, ки дар дохилашон 12 килограмм шираи камол буд, дарёфт ва мусодира карда шудаанд.

8-уми октябр кормандони милитсия дар вилояти Хатлон марди 25-солаи ноҳияи Темурмаликро бо гумони муомилоти ғайриқонунии шираи камол дастгир кардаанд. Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии гумонбаршуда, 1 адад зарфи 5-литра ва 2 адад селофани полиэтиленӣ, ки дар дохилашон 32 килограмм шираи камол буд, дарёфт ва мусодира карда шудаанд.

Дар маҷмӯъ шираи камоли дарёфтгардида 137 килограммро ташкил медиҳад.

Оид ба ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here