Шабакаи телевизиони маҳаллии шаҳри Хуҷанд СМ-1 аз афзудани шумораи беморони мубталои зардпарвин дар ин шаҳр хабар дод.

Бино ба иттилои ин манбаъ ҳафтаи охир муроҷиату дучоршавӣ ва бистарӣ шудан аз ин маризӣ дар Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд афзудааст. Ҳоло дар шӯъбаи зардпарвини беморхона беш аз 33 нафар, ки асосан кӯдаконанд, бистарӣ будаанд. Ба далели камбуди кати беморӣ дар ин шӯъба, 13 нафар беморро дар шӯъбаи рӯдаю меъда бистарӣ кардаанд. Табибон ҳам тасдиқ кардаанд, ки дар чанд рӯзи охир муроҷиату бистарӣ шудан аз бемории зардпарвини намуди «А», «В» ва «С» афзудааст.

Гуфта мешавад, ки зардпарвин мавсимӣ буда, асосан дар фасли сармо кӯдакон ба он мубтало мешаванд. Идораи безараргардонӣ ҳам дар чанде аз кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд корҳои поккорӣ аз вируси зардпарвинро оғоз кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here