ҶСК «Трансформатор»-и шаҳри Бохтар давоми 9 моҳи соли равон 300 адад трансформатор истеҳсол кардаст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 100 адад зиёд аст.

Директори ҶСК «Трансформатор»-и шаҳри Бохтар Назаралӣ Давлатшоев иттилоъ дод, ки маблағи истеҳсоли трансформатор  дар ин давра беш аз 12 милиону 667 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 миллиону 496 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Манбаъ гуфт, харидори асосии ҶСК «Трансформатор»-и шаҳри Бохтар ширкати “Барқи тоҷик” мебошад, ки тибқи нақша бояд то охири сол боз 180 трансформатори дигар истеҳсол кунем.

Зикр шуд, ки  70 дарсади ашёи хом барои истеҳсолоти трансформатор аз давлати Русия  харидорӣ мешаваад. Қисмате аз ашёҳои дигар аз Ҷумҳурии Узбекистон ва Чин оварда мешаванд.

Қайд гардид, ки нархи трансформаторҳои истеҳсолнамудаи  ҶСК «Трансформатор»-и  шаҳри Бохтари вилояти Хатлон нисбати трансформаторҳои истеҳсолнамудаи дигар давлатҳо аз 5 то 7 дарсад арзонтар мебошад.

Назаралӣ Давлатшоев афзуд, ки бо ширкати «Лумини» (Чин) барои воридсозии таҷҳизоти муосир шартнома бастаанд ва баъди насби ин таҷҳизот истеҳсоли трансформаторҳо зиёд шуда, ният доранд, давлатҳои ҳамсоя — Афғонистону Узбекистонро бо трансформатор таъмин созанд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here