Имрӯз ҳунарманди маъруф Афзалшоҳи Шодӣ дар шаҳри Хуҷанд консерти ваъдагиро баргузор хоҳад кард. Ин сароянда бояд чанд моҳи пеш дар ин шаҳр консерт баргузор мекард, аммо бо сабаби беморӣ ва табобат дар берун аз кишвар, натавонист.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ин сароянда 7-8-уми августи соли равон, соати 17:30, дар Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ консерт дорад ва ин аввалин консерти Афзалшоҳи Шодӣ баъд аз беморӣ ва табобат дар Олмон аст.

Хабарнигорои «Ҳақиқати Суғд» аз қавли Афзалшоҳи Шодӣ менависад, ки сароянда мутаассиф аст, ки консерти хешро дар шаҳри Хуҷанд бинобар беморӣ дар вақташ баргузор кардан натавонист. Тӯли беш аз 70 рӯзе, ки дар Олмон бо табобат машғул буд, ҳамеша Тоҷикистонро ёд ва муҳаббати мардумро эҳсос мекард:

— Айни ҳол табобати ман ба пуррагӣ анҷом наёфтааст ва 17-уми август бояд барои ҷарроҳии навбатӣ дубора ба Олмон равам. Аз он, ки ба мардуми Хуҷанд ваъдаи қатъӣ дода будам, консертро баргузор хоҳам кард. Табибон иҷозати суруд хонданро доданд, аммо зиёд на. Ин аст, ки барномаи мо фақат дар шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд, дар шаҳрҳои дигар баъд аз итмоми табобат ҳунарнамоӣ хоҳем кард.

Гуфта мешавад, ки дар ин консерт мухлисонро суруду оҳангҳои нав интизор аст.

— Ҳангоми бемориву ғурбат чанд суруди нав эҷод шуд, ки аввалин бор дар консерт садо хоҳанд дод. Воқеан, саҳна ҷойнамози ҳунарманд аст ва ду қувваи бузург Худову халқ ҳамеша дастгири ман буданду ҳастанд, ман бо инояти Худованд ва дуои пайвастаи мухлисонам шифо ёфтам. Аз ин муҳаббату самимият сарфарозу сипосмандам, — гуфтааст Афзалшоҳи Шодӣ.

Дар акс Афзалшоҳи Шодӣ дар Хуҷанд ба консерт омодагӣ мегирад. Акс аз «Ҳақиқати Суғд»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here