Дар Ӯзбекистон бахшида ба рӯзи Истиқлолияти давлатии ин кишвар, ки ин тирамоҳ 28 сол мешавад, қарори афви 65 зиндонӣ бароварда шудааст. Чунин тасмимро президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев гирифтааст.

Қарор аст, дар ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон, ки рӯзи 1 сентябр ҷашн гирифта мешавад, 65 нафар маҳбус аз зиндон озод шаванд. Гуфта мешавад, ки президент Шавкат Мирзиёев аллакай қарори дахлдорро ба тасвиб расондааст ва тибқи ин қарор нафароне афв карда мешаванд, ки аз ҷинояти содиркардаашон изҳори пушаймонӣ карда, нияти ба роҳи ислоҳ қадам ниҳодан дошта бошанд.

Миёни афвшудагон чор зан, синни як нафарашон беш аз 60-сол буда, як маҳбус шаҳрванди давлати хориҷӣ ва ҳамчунин 39 нафар шаҳрвандоне мебошанд, ки дар фаъолияти ташкилотҳои мамнӯъ ширкат доштанд.

Бино ба иттилои “Спутник” президенти Узбекистон моҳи декабри соли 2017 бори нахуст қарор дар мавриди авфи маҳбусонро ба имзо расонида буд. Аз он вақт инҷониб, Мирзиёев ҳафт бор дар нисбати 3 952 нафар авф тадбиқ кардааст.

Добавить комментарий