Маркази фарҳангии «Бохтар» (Бактрия) аз баргузории Ҳафтаи Франкофония дар Душанбе хабар медиҳад. Чорабинии мазкур бо дастгирии сафорати Фаронса дар Тоҷикистон, ҳафтаи аввали моҳ аз рӯзи душанбеи 2-юм то якшанбеи 8-уми ноябри соли равон идома мекунад.

Ба гуфтаи масъулин, ҳафтаи забони фаронсавӣ ва франкофония соли 1995 бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва коммуникатсияи Фаронса таъсис дода шуда, ҳамасола аз 20 март, Рӯзи байналмилалии франкофония, оғоз мешавад, аммо имсол бо сабаби ҷаҳонгир шудани Covid-19,  чорабиниҳои пешбинишуда бояд мавқуф гузошта шуда, тарзи баргузориашон ҳам тағйир кунад.

Дар ҳафтаи мазкур дар тамоми кишварҳои фаронсавӣ, аз ҷумла худи Фаронса чорабиниҳои гуногун: озмунҳо миёни донишҷӯён барои донистани забони фаронсавӣ, намоишҳои театрӣ аз рӯи асарҳои муаллифони фаронсавӣ, консертҳо, намоишҳои донишҷӯёни забони фаронсавӣ ташкил карда мешавад.

Ҳадафи асосии ҳафтаи мазкур табодули фарҳангӣ, иттилоот ва ғанигардонии фарҳангҳои фаронсавию тоҷикӣ гуфта мешавад. Чорабиниҳо ҳам дар Маркази фарҳангии “Бохтар” ва ҳам дар маконҳои фарҳангии шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here