Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ба ассотсиатсияҳои миллии футбол, ки дастаҳои онҳо дар Чемпионати Осиё-U16 ва Чемпионати Осиё-U19 ширкат мекунанд, дар бораи ба соли оянда мавқуф гузоштани ин мусобиқаҳои футболи қитъа иттилоъ додааст.

Чемпионати Осиё байни наврасони то 16-сола мебоист аз 25-уми ноябр то 12-уми декабр дар Баҳрайн баргузор мешуд. Тибқи натиҷаҳои қуръакашии чемпионати Осиё, дастаи наврасони Тоҷикистон бо дастаҳои Уммон, Яман ва Аморати Муттаҳидаи Араб ба гуруҳи «В» шомил аст.

Конфедератсияи футболи Осиё инчунин масъалаи ба соли оянда гузарондани Чемпионати Осиё байни ҷавонон (U-19)-ро, ки мебоист аз 14-ум то 31-уми октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешуд, баррасӣ мекунад. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё дар гуруҳи «D» бо дастаҳои Малайзия, Яман ва Қатар бозӣ мекунад.

Қарорҳо дар бораи мавқуф гузоштани чемпионати Осиё байни ҷавонони то 16-сола ва ҷавонони то 19-сола бояд аз ҷониби Кумитаи иҷроияи AFC, ки моҳи сентябр баргузор мешавад, ба тасвиб расад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here