Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки як адвокат бо гумони қаллобӣ дастгир шудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ин ниҳод, шаҳрванд Самихов Мавлудҷон Қурбонович худро ҳамчун адвокат дар ҳабсхонаҳо ва судҳо муаррифӣ намуда, ба эътимоди шаҳрвандон даромадааст.

Моҳи феврали соли ҷорӣ, Мавлудҷон Самихов ба эътимоди шаҳрванд Ч.Ширинова ва писари ӯ Маҳмадраҷаб Ширинов даромада, ба ӯ ваъда дода будааст, ки барои озод намудан аз ҷавобгари ҷинои, Раҳматулло Ширинов, ки  шавҳари Ш.Ширинова мешавад, кӯмак хоҳад кард.

Барои “хидматрасониҳо”  адвокат аз Шириновҳо 45 ҳазор сомонӣ талаб кард, вале ӯ ҳеҷ гуна амалеро анҷом надод ва аз ҳамин ҳисоб ба Шириновҳо зарари калон расондааст.

Мувофиқи моддаи 247-и КбА (Қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here