Адис Ширинбеки 13-сола аз Тоҷикистон, ки айни замон дар Маскав таҳсил мекунад, яке аз талабгорони ҷоизаи кӯдаконаи адабиёт — «Глаголица» ба шумор меравад.
Адис аз кӯдакӣ ба шеър гуфтан шавқ дорад ва машғлуияти писандидааш футбол аст. Муҳаббат ба шеър дар ӯ шояд ирсӣ бошад, зеро модарбузургаш Хадича Ҷалолова барои бачаҳо афсона менависаду бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва ишкошимӣ шеър эҷод мекунад. Амакаш Ҷамшед Давлатмаҳмадов шоир будааст ва падараш Олими Ширинбек ҳарчанд табиб аст, аммо ба шеър рағбати беандоза дорад.
Шеъре, ки Адис барои ҷоизаи «Глаголица» пешниҳод кардааст ба забони русист ва ба гуфтаи худи ӯ дар муддати ним соат навишта шудааст:
Интересная вещь книга,
Она очень многолика.
Книг написано миллионы,
Книги-друзья и компаньоны.
Книга-это безграничный мир,
Читая ее ты находишь ориентир.
Бывают книги весёлые, забавные, грустные,
Есть книги про романтику страшные, искусные.
Сейчас начали книги электронные читать,
Но мне нравится с бумажных информацию получать.
Всё же книги интересны,
Они увлекательны и прелестны.
Барои ба Адис Ширинбек овоз додан ба ин ҷо нохун занед.