Ба нашр расидани шумораи аввали маҷаллаи бадеӣ-публисистии «Адиб» дар ҳаёти фарҳангии кишвар башорати нек ва падидаи қобили таваҷҷуҳ мебошад. Нашрияи мазкур дар партави озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, интишор меёбад ва ба чопи осори адибони тоҷик ва дигар халқҳо машғул буда, дар ғанӣ гардонидани маърифат ва ташаккули ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон ва наврасон нақши босазо хоҳад гузошт.

Муассиси маҷалла нашриёти «Адиб» ва сармуҳаррири он Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло мебошад. Ин матлабҳо дар мақолаҳои академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва директори нашриёти «Адиб» — Давлат Сафар муфассал баён шудааст.

Дар маҷалла ашъори Фарзона,Гулназар, Гулрухсор, Низом Қосим, Аскар Ҳаким, Муҳаммад Ғоиб, Рустами Ваҳҳоб, ашъори бачагонаи Раҳмат Назрӣ, Баҳроми Раҳматзод ва намунаҳои беҳтарини ғазали имрӯзи форсӣ (Ахавони Солис), инчунин намунаҳои осори мансур – ҳикояҳои «Холдори кафтарбоз»-и Баҳманёр, «Хоб»-и Юнус Юсуфӣ, «Чилдухтарон»-и Раҳматуллои Раҳмон, «Як каф гандум»-и адиби кӯдакон Азизи Азиз ва ҳикояи ҳаҷвии «Санъат бе курбонӣ намешавад»-и нависанда Наҷмиддини Шоҳинбод ҷой дода шудаанд.

Дар маҷаллаи мазкур як силсила мақолаҳои публисистӣ ва илмӣ аз қабили «Зи шеъри Рӯдакӣ бӯи гулоб ояд»-и Раҷабалӣ Қудратов, «Айнӣ рамзи миллати мост»-и адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнон, «Оё метавон аз насри муосири тоҷик дастоварди арзандае барои адабиёти имрӯзи дунё умедвор шуд?»-и нависанда Абдулҳамид Самад, «Оё ғазал шеъри имрӯз аст»-и Муҳаммадризо Шафеи Кадканӣ, «Андешаҳо дар шинохти шеър ва шоир. Шеър чист ва шоир кист» –и шоири маъруф Камол Насрулло, «Шеъри муосир то куҷо ҷавобгӯи талаботи рӯз аст» (мусоҳиба бо шоири шодравон Гулназар) низ ҷой дода шудаанд, ки агар хонандаро аз як тараф бо чеҳраҳои хизматнишондодаи миллат ошно месозанд, аз ҷониби дигар дар қисме аз ин мақолаҳо масъалаҳои баҳсбарангези адабӣ ва ҷойгоҳи шеър, ғазал, насри имрӯз аз дидгоҳи худи эҷодкорон мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.

Дар маҷалла, инчунин намунаҳои асари арзишманди «Фиҳи мо фиҳи»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва намунаҳои ашъори Абдурраҳмони Ҷомӣ, Назирии Нишопурӣ, Урфии Шерозӣ, Абулфайзи Файзӣ, Махфӣ, Фахрии Ҳиравӣ, Оташи Исфаҳонӣ, Шӯхии Хуҷандӣ, Кошифи Хуҷандӣ ва дигар шоироне, ки дар пайрави ғазали «Ин чи маҷлис, чи биҳишт, ин чи мақом аст ин ҷо…»-и Камоли Хуҷандӣ ғазал эҷод намудаанд, оварда шудааст.

Хонанда дар бахши «Шиносоӣ бо адибони бузурги олам» аз ҳаёт ва эҷодиёти адаби маъруфи ҷаҳонӣ Франс Кафка маълумоти муфид пайдо мекунад.

Дар бахши китобиёт асари «Бозгашт ба Панҷрӯд»-и нависандаи рус Андрей Волос, ки дар тарҷумаи адиби маъруфи точик Қодири Рустам ба нашр расидааст, мавриди таҳлили мухтасар карор дода шудааст.

Дар охир, 12 китоби тозанашри нашриёти «Адиб» бо муаррифии мухтасар ба таваҷҷӯҳи хонандагон пешкаш гардидааст.

Итминони комил дорем, ки маҷаллаи бадеӣ-публисистии «Адиб» дар ҳаёти фарҳангии кишвар ҷойгоҳи худро пайдо намуда, ба яке аз маҳбубтарин нашрияҳои кишвар табдил меёбад.

Тоҷибой Султонӣ, адабиётшинос

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here