Қаҳрамони навбатии барномаи “Ормон”-и СМ-1 (Симои мустақили 1, шаҳри Хуҷанд ) Самади Низомҷон ном писаракаи 4-сола аз ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд, ки 20 марти соли равон ба барнома муроҷиат кард. Ӯ иллати дил дошт. Ҳаҷми маблағ барои ҷарроҳиаш 26 000 сомониро ташкил медод. Муаллиф ва ровии барнома журналист Парвина Азизова 4 апрели соли равон хабар дод, ки кӯдакӣ 4 сола бомуваффақият ҷарроҳӣ шудааст. Таърихи 6 апрел аз шӯъбаи эҳё ба утоқи алоҳида назди модараш интиқол дода шуд.
— Шахсони яккаву танҳо, ятимон, беморон, оилаҳои камбизоат, пиронсолон ва ниёзмандон, дар маҷмӯъ, ҳамаи қишрҳои эҳтиёҷманди ҷомеа қаҳрамонони ин барномаанд. Ҳадафи асосии барномаи “Ормон” дидану шунидан ва нишон додани ормони дили умедворон аст. Онҳое, ки мушкилӣ доранд ва дар ҳалии он дасташон кӯтаҳ асту оҷизӣ мекшанд, “Ормон” ба ёрии онҳо мешитобад, — омадааст дар сомонаи расмии СМ-1.
Муштариёни мобилии TceII, ZET-Mobile, Babilon-mobile ва Мегафон имкон доранд, тариқи ирсоли паёмак ба рақами кӯтоҳи 1519, ки ҳамагӣ 1 сомонӣ аст, пардохти хайриявӣ кунанд, шумораи равон кардани паёмак маҳдуд нест. Ҳамчунин рамзи Фонди хайриявии “Ормон”-ро дар онлайн-барномаҳои “Алиф моби”, “Эсхата Банк” ва “Душанбе сити” метавон пайдо кард.
Дар аснои сӯҳбати телефонӣ муаллифи барнома гуфт, тӯли 3 сол аст, ки фонди хайриявии барнома кор мекунад. Соли 2019 бо саҳми шаҳрвандони хайрхоҳ 25 нафар кӯдаку навраси бемор пурра шифо ёфта, боз 7 нафар бояд такроран ҷарроҳӣ шаванд. Тибқи гуфтаи ӯ, фонди мазкур солона ба 20 нафар эҳтиёҷманд ёрии худро мерасонад.