Муборизи сабки омехтаи русӣ, қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмагамедов гузаронидани мусобиқа дар Тоҷикистонро эълон кард.
Дар конфронси охири матбуотӣ варзишгари рус Ҳабиб Нурмагамедов дар бораи нақшаҳои ояндааш гуфт. Инчунин, варзишгар дар бораи кор оид ба рушди варзиш дар Осиёи Марказӣ низ суханронӣ кард.
Чанде пеш аз қаҳрамони UFC пурсида буданд, ки оё ӯ нақша дорад як мусобиқаро дар Тоҷикистон гузаронад ва посух мусбат буд: “Бале, мо мехоҳем як мусобиқаро дар Тоҷикистон гузаронем. Мо танҳо инро медонем, ки талабот хеле ҳам зиёд аст, шумо аллакай ҷанговароне доред, ки омодаанд тамошобинонро ҷамъ кунанд”.
Инчунин, варзишгар илова кардааст, ки дар Тоҷикистон мухлисони зиёде дорад ва бо ташшаббуси онҳо ӯ дар сатҳи давлатӣ дастгирӣ меёбад.
Бояд гуфт, ки барои Ҳабиб аз ҷониби мухлисони тоҷикаш кӯлоҳ бо сурати Аҳмадшоҳи Маъсуд тақдим карда шудааст.
Гулрӯ СУҲРОБЗОДА