Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ баъди панҷ моҳи баррасии баҳси байни директори ташкилоти амрикоии Internews Абдумолик Қодиров ва корфармоёнаш қарорро ба нафъи аввалӣ қабул кард.

19-уми ноябр судяи Суди ноҳияи И. Сомонӣ Ҷӯрабек Ширинзода қарор қабул кард, ки директори ташкилоти амрикоии Internews ба вазифаи пешинааш барқарор карда шавад. Инчунин, ба ӯ барои давраи аз ноилоҷӣ набуданаш дар кор (аз моҳи апрел то майи соли 2020) бояд аз ҷониби ташкилот маблағ пардохт гардад.

Бояд ёдовар шуд, ки 6-уми октябри соли ҷорӣ директори нави ташкилоти амрикоии Internews Садоншоев Вадим интихоб гардид.

Қайд кардан зарур аст, ҳангоми мурофиаи қаблӣ, ки 12-уми ноябр гузашта буд, вакил Муҳаммадов Камолиддин гуфтааст, ки ҷавобгар ба Қодиров шартномаи навро ба ҳайси мушовири саридораи Internews дар Тоҷикистон пешниҳод кардааст, вале аз ҷониби даъвогар ин пешниҳод қабул нашуд. Дар баробари ин, дар мурофиаи пешин, бино ба хоҳиши даъвогар, сабаби аз кор сабукдӯш шудани Қодировро бояд шарҳ медодаанд. Ҳимоятгари Internews ба саволи мазкур ҷавоби саҳеҳ надода, чунин қайд кардааст: “Мебоист сабабҳои муайяне мебуданд, ки дар асоси онҳо қарор дар бораи тамдиди ташкили шартномаи меҳнатӣ бо Қодиров қабул карда нашудааст”.

Худи Қодиров дар суд қайд кардааст, ки «ягон тамдид нашудани шартномаи меҳнатӣ» вуҷуд надорад, чунки дар дасти ӯ фармон дар бораи “сабукдӯш” шуданаш аст, ки аз рӯи он ба суд муроҷиат кардааст.

Қодиров ҳангоми суҳбаташ дарҷ карда буд: “Ман аз аввал боварӣ ба он доштам, ки қарори суд одилона хоҳад буд ва маро ба вазифаам барқарор хоҳанд кард. Ҳамин тавр ҳам шуд. Адолат ғалаба кард. Ташаккур ба онҳое, ки дар вақти мушкилӣ бо ман буданд”.

Қодиров аз соли 2016 Internews-ро роҳбарӣ мекард. Ба гуфти ӯ, қарори сабукдӯш карданаш қонунҳои меҳнати кишвар ва қоидаҳои дохилии ташкилотро нақз кардааст.

Ёдовар мешавем, ки мурофиаҳои қаблии судӣ аз рӯи ин қазия бо иштироки ҷонибҳо 23-юми июл, 20-уми август ва 5-уми ноябри соли равон дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор шуда буданд.

Гулрӯ Калбодова

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here