Клуби футболи «Аҳал»-и Туркманистон дирӯз ба Душанбе омад, то дар вохӯриҳои гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 бозии аввалини худро анҷом диҳад. Ин вохӯрӣ бо   дастаи «Истиқлол» ба шаҳри Душанбе фардо, 7-уми март, баргузор хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки ситоди мураббиёни «Аҳал» бо худ 16 футболбозро ба шаҳри Душанбе овардааст. Ҳайати дастаи футболи «Аҳал» дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе тамринҳои худро оғоз кардааст.

Бозии аввалини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Аҳал»-и Туркманистон 7 марти соли равон, соати 18:00, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки «Аҳал» то ба даври гурӯҳи расидан дар даври пешакӣ «Дордой»-и Қирғизистонро шикаст дод, сипас дар даври плей-офф «Хуҷанд»-и Хуҷандро аз сари роҳаш бардошт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here