Чӣ тавр як қаллоб тавонист, ки 9 нафарро бо яу усул фиреб кунад ва аз ҳисоби онҳо қарз гираду эҳтиёҷашро буд кунад, албатта тафтишот муайян мекунад, аммо чӣ тавр 9 нафар тавонистанд, ки ба доми як қаллоб афтанд, инаш воқеан ҷойи нигаронист.

Ба ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 9 нафар марду зани аз 30 то 61-солаи сокини шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ дастаҷамъона муроҷиат кардаанд, ки аз моҳи сентябри соли 2011 то моҳи марти соли 2012 марди 47-солаи сокини кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариашон даромада, ба номи онҳо аз маркази хизматрасонии ҶСК “Агроинвестбонк” ба миқдори 5000 доллар, ҷамъ ба маблағи 45000 долларро чун ќарзи бонкӣ гирифта, ба манфиати шахсияш сарф кардааст.

Марди гумонбаршуда дар қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардидааст. Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here