Дар Душанбе вохӯриҳои даври аввали марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гуруҳи “С” баргузор шуданд.

Даста мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо роҳбарии мураббӣ Зайниддин Раҳимов бар дастаи ҳамсолони худ аз ҷазираҳои Малдив бо ҳисоби 9:0 ғалаба кард.

Бозӣ шоми 2 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардид. Шаҳром Самиев 3 гол, Ислом Зоиров, Шарифбек Раҳматов дуголӣ, Манучеҳр Сафаров як гол заданд. Як тӯби дигарро бозигари худи Малдив ба дарвоза ворид карданд.

Бозии дигари гуруҳ миёни дастаҳои мунтахаби Сурия ва Лубнон бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.

Дар даври дуюм 4-уми октябр футболбозони ҷавони мо муқобили ҳамсолонашон аз Лубнон бозӣ мекунанд. Оғози бозӣ соати 19:00 аст. Қабл аз ин дидор, соати 16:00 бозӣ миёни дастаҳои Сурия ва Малдив оғоз мегардад.

Дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то 19-сола 46 даста дар 11 гуруҳ иштирок доранд. Дар натиҷа, ғолибони 11 гуруҳ ва 4 дастаи беҳтари ҷои дуюми гуруҳҳо ба марҳилаи финалӣ, ки соли оянда дар Ӯзбекистон доир мегардад, роҳхат мегиранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here