Тоҷикистон созмонҳои байналмилалии молиявиро барои рушди деҳот ҷалб мекунад, ки маблағи пешбинишуда 88 млн долларро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, маблағҳои пешбинишуда барои бунёди инфрасохтор дар соҳаҳои сайёҳӣ, таъмини об, каркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва пешбурди маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ҷудо мегардад.

Гуфта мешавад, ки лоиҳаҳо таҳия шуда, ба муассисаҳои молиявии байналмилалӣ,  аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ (БҶ), барои маблағгузорӣ пешниҳод гардида, гуфтушунидҳо дар ин самт идома доранд.

Бонки Ҷаҳонӣ масъалаи сармоягузорӣ дар лоиҳаи эҷоди инфрасохтори сайёҳиро дар як қатор минтақаҳое, ки дар он ҷойҳои таърихӣ ва истироҳат ҷойгир шудаанд, муҳокима мекунад.

Ҳамзамон, Вазорати молия иттилоъ дод, ки лоиҳаи дигаре, ки барои он 58 миллион доллари ИМА ҷудо шудааст, барои рушди бахши хусусӣ дар деҳот бо назардошти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ, инчунин масъалаҳои обтаъминкунӣ равона шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Вазорати молия аз рӯйи лоиҳаи мазкур шаҳру ноҳияҳои ба нақша гирифташударо, муайян накардаанд ва танҳо қайд намуданд, ки баъд аз имзои созишномаҳои сармоягузорӣ огоҳ карда мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here