Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ҳодисаи куштор хабар дод, ки як марди 82-сола бо ду нафар даъво карда, якеро захмӣ ва дигареро ба ҳалокат расонидааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 82-солаи сокини деҳаи Чилчашмаи ноҳияи Файзобод, нафақахӯр, бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуд. Номбурда, рӯзи 31-уми июли соли 2019, тахминан соати 13:40, дар бинои масҷиди деҳаи Чилчашма бо мардони 50 ва 79-солаи сокинони деҳаи мазкур даъво карда, бо корд 3 маротиба ба бадани марди 50-сола ва 1 маротиба ба гардани марди 79-сола задааст.
Дар натиҷа, марди 79-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.