Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад 80 километр  роҳҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо харҷи зиёда аз 38 миллиону 173 ҳазор сомонӣ таъмири асосӣ шудаанд.

Бино ба иттилои сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб Рустам Вализода, аз аввали соли ҷорӣ то ин дам аз ҳисоби соҳибкорони минтақа 63 километр роҳ таъмири ҷорӣ, 107 километр роҳ сангфарш карда шуда, се пулу ду қубур таъмир гардидаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳисоби Вазорати танқлиёти кишвар дар ин давра бо харҷи 1 миллиону 844 ҳазор сомонӣ 16 километр роҳ таъмири асосӣ, 356 километр таъмири ҷорӣ шуда, 9 пул бо дарозии 260 метр нав карда шудаанд.

Дар таъмири роҳҳои маҳаллӣ саҳми мақомоти маҳаллӣ назарас буда, дар ин давра аз ҷониби онҳо 0,7 километр роҳҳо таъмири асосӣ шуда, 89 километри дигар таъмири ҷорӣ гардидаанд, ки харҷи умумии онҳо 1,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Сардори муассисаи мазкур гуфт, ҳоло таъмири дигар роҳҳои харобгашта бо маром дар минтақа идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here