Аз 32 дастае, ки бояд тобистони соли оянда дар майдонҳои сабзи Русия барои ҷоми ҷаҳонии футбол мубориза баранд, 8 даста аллакай ба ин марҳила роҳхат гирифтанд.

Дастаи аввалине, ки аз даври квалификатсионӣ бо муваффақият гузашт, Бразилия мебошад. Ин даста ҳанӯз дар охири моҳи март ин ҳақро ба даст оварда буд. Бразилиягиҳо ин дастовардро дар Сан-Паулу баъди Парагвайро бо натиҷаи 3:0 шикаст додан, ба даст оварда буданд.

Аз пайи Бразилия ба ин дастовард дастаи миллии футболи Эрон ноил шуд. Ин 12-уми июн рух дода буд. Дар бозӣ бо Узбекистон эрониҳо 2 голи беҷавоб заданд. Эрон то соҳиби роҳхат шудан дар 8 бозӣ 9 гол зада, аз дарвозаи худ ягон гол ҳам сар надода буд. Дар вохӯрии охирин, ки ба ҷойгиршавии даста таъсир намерасонд, эрониҳо бо Сурия бозиро 2:2 карданд, ки ҳамаи голҳои сардодаашон ҳамин аст.

Дар рӯзи охирини тобистон футболбозони ҷопонӣ барои худу миллаташон тӯҳфаи арзанда пешкаш карданд. Онҳо дар бозӣ бо Австралия бо натиҷаи 2:0 ғолиб омада, дуюмин дастаи осиёӣ ва сеюмин даста дар ҷаҳон шуданд, ки ба ЧМ-2018 мустақим роҳхат мегирад.

Мексика, ки аллакай имсол дар Русия буд ва дар Ҷоми конфедератсияҳо ҷойи чорумро гирифт, тобистони оянда ҳам ба ин кишвар меояд. Роҳхатро ба финали Ҷоми ҷаҳон-2018 мексикоиҳо 1-уми сентябр ба даст оварданд. Дар ин рӯз онҳо бо натиҷаи камтарини 1:0 дастаи Панамаро шикаст доданд.

Чанде пеш ба ин рӯйхат як даста аз Аврупо ҳам шомил шуд. Дастаи аввалини аврупоӣ, ки чунин бахт насибаш гардидааст, Белгия мебошад. Ин рухдоди фараҳовар барои миллати Белгия  дар Юнон ба вуқӯъ омад. Футболбозони Белгия дар Пирей юнониҳоро бо натҷиаи 2:1 шикаст доданд ва дар гурӯҳи худ аз 8 бозӣ 7 ғалаба кардаанд. Таносуби голҳояшон 35:3. Олиҷаноб!

Ҷумҳурии Корея дастаи ҳафтумест, ки ба финали ҶҶ-2018 роҳхат гирифт. Футболбозони Кореяи Ҷанубӣ рӯзи сешанбе дар варзишгоҳи Бунёдкор дар Тошканд бо Узбекистон мусовӣ карданд (0:0) ва дар гурӯҳи худ баъди Эрон дуюм шуданд. Дар сурати мағлуб шудани онҳо Узбекистон метавонист, ки мустақим ба Русия роҳхат гирад. Рост, ки тақдири Узбекистону Корея на танҳо аз бозии худашон, балки аз вохӯрии дастаҳои Эрону Сурия низ вобаста буд. Эрону Сурия мусовӣ (2:2) карданд ва Узбекистон дар ҷойи 4-ум монд. Сурия ҳаққи иштирок дар бозиҳои ҳамроҳшавиро пайдо кард.

Дастаи ҳаштуме, ки рост ба Русия роҳхат гирифт ин Арабистони Саудӣ аст. Дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ, ки аз натиҷаи вохӯрии дастаҳои Австралия ва Тайланд (2:1) бохабар буд, бояд дастаи Ҷопонро, ки аллакай соҳиби роҳхат аст, шикаст диҳад. Бо голи задаи Ал-Муваллад Арабистони Саудӣ тавонист, ки дар гурӯҳи худ ҷойи дуюмро гирад ва иштироки дастаашро дар финали ҶҶ-2018 таъмин кунад. Австралия бо Сурия дар вохӯрии ҳамроҳшавӣ мубориза хоҳанд бурд.

Зимнан, дастаи аввалине, ки ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2018 роҳхат гирифтааст, дастаи мунтахаби футболи Русия аст. Футболбозони рус чун мизбони мусобиқа бе меҳнату заҳмат дар даври финалӣ ширкат хоҳанд кард. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here