Соли 2019-ум аз Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониёни  вилояти Хатлон 76 нафар донишҷӯ бо сабабҳои гуногун хориҷ карда шуданд.

Ректори донишкадаи мазкур Хайрулло Назарзода  имрӯз дар нишасти матбуотӣ қайд кард, ки масъалаи ихроҷи донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бисёр ташвишовар мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки аз шумораи 76 донишҷӯи хориҷшуда барои қарздории академикӣ 6 нафар, давомоти нокифоя 24 нафар, напардохтани маблағи хониш 33 нафар, мураххасии таҳсилӣ 10 нафар, бо хоҳиши худ 2 нафар ва бо сабаби фавт як нафаро ташкил медиҳад.

— Аз омӯзгорон як нафар берун аз донишкада даст ба амали коррупсионӣ задааст, ки ӯ низ аз сафи омӯзгорон хориҷ карда шуд, — илова кард Хайрулло Назарзода.

Ҳоло дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон аз рӯи 15 ихтисос 2 ҳазору 669 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here