Дирӯз дар мулоқоти прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва ҳамтои қазоқи ӯ Ғайрат Ҳоҷамжаров дар шаҳри Остона эълом шудааст, ки дар зиндонҳои Қазоқистон 75 тоҷикистонӣ ва дар ҳабсхонаҳои Тоҷикистон 8 қазоқистонӣ маҳбусанд.
Дар ин дидор ду тараф бар зарурати таҳкими ҳамкориҳои минтақаӣ ва дуҷониба дар заминаи мубориза бо авомили ноамнӣ, ҷиноятҳои фароминтақаӣ, ифротгароӣ ва терроризм таъкид кардаанд. Дар ин нишаст ҳамчунин эълом шудааст, ки 8 қазоқистонӣ дар Тоҷикистон зиндониянд.
Имсол, ҳамчунин, 5 зиндонии қазоқистонӣ аз Тоҷикистон ба кишвари худ истирдод шудаанд.