Вазири хориҷаи Банғола зимни «наслкушӣ» хондани иқдомоти давлати Миянмар алайҳи ақаллияти мусулмони ин кишвар, ирсоли ёриҳои башардӯстона ва сохтани сарпаноҳ барои 700 ҳазор овораи сарозершуда ба кишварашро хостор шуд.

Буддоииҳои Миянмар ва неруҳои полису артиши ин кишвар, аз охирҳои моҳи августи соли ҷорӣ, бо баҳонаи қарор додани ҳамлаи иддае ҷавон ба як постгоҳи полис, ҳамалот систематикии густурдаеро алайҳи рустоҳои мусулмоннишин оғоз кардаанд; Ҳамлае, ки ду гузина, фирор ба самти марз, ё марг дар миён оташро дар пеши пойи Рохиня гузоштааст.

Дар рӯзҳои ахир 300 ҳазор рухингноӣ тавонистаанд аз марз гузаранд ва ба Банғола расанд; Бархе манобеи наздик ба ин ақаллияти қавмӣ мегӯянд, ки то кунун ҳадди ақал 4 ҳазор нафар дар рустоҳои худ қатли ом шудаанд.

Теъдоди зиёди кӯдак ва афрод солманд ва нотавон ҳам дар масири расидан ба Банғолаи амн, бар асари гуруснагӣ ва ташнагӣ, ҷон додаанд, ки омори дақиқе аз теъдоди ин бахш аз талафоти инсонӣ дар даст нест. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here