Дирӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини Вазорати тандурустӣ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, АМВАОТ ва коршиносони дахлдори соҳа бахшида ба Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку таҳти унвони «Ба тамоку роҳ надиҳед» мизи гирд баргузор гардид.

Дастандаркорон мегӯянд, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ мусоидат ба наҷоти ҳаёти одамон аз истеъмоли тамоку буда, дар умум ба пешгирии хатари аз байн рафтани ҷони инсонҳо аз оқибатҳои ногувори кашидани сигору тамоку мебошад.

Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола истеъмоли тамоку

ҷони 8 миллион одамро рабуда, миллионҳо инсони дигар дар натиҷаи истеъмоли тамоку ба бемориҳои саратони сабук, сил, диққи нафас ва бемории музмини роҳи нафас гирифтор мешаванд.

Директории генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус, мегӯяд: «Солимии шуш барои тарзи ҳаёти солим бениҳоят зарур аст. Имрӯзу ҳар рӯз мову шумо метавонем, шуши худ, дӯстон ва аъзои оилаи хешро бо даст кашидан аз истеъмоли тамоку ва бо зикри сухани «Бидуни тамоку» аз олудашавии дуди заҳрогини тамоку ва марги тадриҷӣ наҷот диҳем».

Мувофиқи дурнамои Барномаи ҳадафи рушди устувор барои солҳои 2013-2020 ва мувофиқи таҳлилу мушоҳидаҳои мутахассисони соҳа, бемориҳои бар асари истемоли тамоку ба миён омада ба қатори масъалаҳои танзимшаванда дохил гардида, дар ин самт дар як қатор давлатҳои ҷаҳон баҳри коҳиш додани ин раванд баъзе чораҷӯиҳои муассирро анҷом медиҳанд, ки дар ин раванд Тоҷикистон низ пайваста талош менамояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here