Раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффор зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2020-ум 69 қарори раиси ноҳия бекор карда шудаст, ки 15 дарсади онҳо қарорҳои худи ӯ мебошанд.

— Боқии қарорҳои бекоршуда аз соли 2015-ум то инҷониб, ки собиқ раисони ноҳия имзо карданд, ба ҳисоб мераванд, — илова кард раиси ноҳия.

Зимни нишасти хабарии Прокуратураи вилояти Хатлон итилоъ дода шуда буд, ки соли 2020-ум дар вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони Прокуратураи вилоят 272 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бекор карда шудааст, ки бештараш ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Кӯлоб рост меояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here