Дар арафаи иди Рамазон китоби рубоиҳои Субҳон Ҷалилов бо номи «61 алами бемодарӣ» аз чоп баромад.

Субҳон Ҷалилов аз ровиёни маъруфи тоҷик аст, ки дар охири соли гузашта модарашро аз даст дод. Модар дар синни 61-солагӣ дунёро тарк кард ва фарзанд низ китобро рамзан «61 алами бемодарӣ» унвон кардааст. «61 алами бемодарӣ» — шасту як дарди дил, шасту як оташи ҷонсӯзи ҷудоӣ аз модар аст.

Алами бемодарӣ боис шуда, ки Субҳон рубоисаро шавад. Ишқи модар, ёди модар, меҳри модар дар дили фарзанд чӯби алам гаштаву қомати шеър шуда. Муҳаббат ба модар ин рубоиҳоро китобе кардааст, ки бо ду хат – кириливу форсӣ, бо сифати баланд ва тарҳу мундариҷаи олӣ ба нашр расад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here